Муҳоҷирати вакили дифои тоҷик
Як вакили дифои тоҷик иддао мекунад, ки ба дунболи фишори мақомот аз Тоҷикистон муҳоҷират кард.
Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Нусратуллоҳ Мирзоев, вакили додгустарӣ ва корманди дафтари озодиҳои шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт: Пас аз фишорҳои мукаррар 26 июн аз Тоҷикистон муҳоҷират кард.
Вай далели муҳоҷират аз Тоҷикистонро фишори мақомоти Вазорати дохилӣ ва Додситонии Хатлон эълом кард, аммо масъулони ин ду ниҳоди давлатии ноҳияи Хатлон ин иддаои Нусратуллоҳ Мирзоевро рад карданд.
Нусратуллоҳ Мирзоев изҳор дошт: Фаъолияти қазоӣ дар Тоҷикистон бисёр сахт аст, аммо дар сурати беҳбуди шароити кор ба кишвараш бар мегардад.
Нусратуллоҳ Мирзоев, вакили дифои Сайиднуриддин Шамсиддинов буд, ки ба иттиҳоми қаллобӣ ва ақоиди ифротӣ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд.
Яке аз мақомоти полиси Хатлон, ки номаш фош нашудааст, низ гуфт: Ҳеч масъули давлатӣ Нусратуллоҳ Мирзоевро таҳти фишор қарор надодааст.
Вай афзуд: дар ноҳияи Хатлон рӯзона ба садҳо парвандаи қазоӣ расидагӣ мешавад ва даҳҳо вакил ҳам дар шуъбаҳои додгоҳи ин ноҳия фаъолият мекунанд.
Дилрабо Самадова, раиси Дафтари озодиҳои шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам мегӯяд: Нусратуллоҳ Мирзоев қабл аз тарки Тоҷикистон дар ин созмон кор мекардааст ва муддаӣ буда, ки мақомоти идороти давлатӣ ӯро ба баҳонаҳои мухталиф таҳти фишор қарор медиҳанд.
Вай гуфтааст: Мирзоев илова бар ваколат, мударриси коромӯзии вакилон ҳам буд.
Шӯҳрат Қудратов ҳам яке дигар аз вакилоне аст, ки соли 2014 дар Тоҷикистон дастгир ва дар соли 2018 аз зиндон озод шуд.
Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ба далели шароити сахти кори ваколат дар Тоҷикистон, соли 2019 ба Русия муҳоҷират кард.
Ӯ афзуд: Пас аз муҳоҷират ҳатто созмонҳои ҳуқуқи башар ӯро ба унвони як фаъоли шаҳрвандӣ қабул накарданд.
Ин вакили тоҷик дар идома баён кард, масъулони созмонҳои шаҳрвандӣ мегуфтанд, дар сурати бакоргирӣ аз тарафи мақомоти кишвари матбуъ таҳти фишор қарор мегиранд.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти тоҷик борҳо фишорҳои сиёсӣ бар вакилонро рад карданд.
Онҳо муддаӣ ҳастанд, вакилон ба далели иртикоби ҷурм муҷозот мешаванд.
Созмони Афви Байналмилал соли гузашта дар гузориши вижае дар бораи вакилон эълом кард: Онҳо дар анҷоми вазоифи ҳирфаии худ бо мушкилоте рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ба гуфтаи масъулони Созмони Афви Байналмилал, вакилони дифоъ дар Тоҷикистон дар анҷоми вазоифи ҳуқуқии худ бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 вакили дифоъ машғул ба кор ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Мухолифати мақомоти қазоии Тоҷикистон барои ҷазби вакили ҳуқуқӣ дар дифоъ аз Муҳаммадмурод Одинаев
- Тавзеҳи Созмони зиндонҳои Тоҷикистон дар бораи вазъияти саломатии вакили зиндонии тоҷик