Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо
(last modified Mon, 12 Jul 2021 08:26:27 GMT )
Июл 12, 2021 13:26 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Намояндаи доими Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ бо якдигар дидор карданд.

Эркинхон Раҳматуллоҳзода, намояндаи доими Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ бо якдигар дидор карданд.

Дар ин дидор дар мавриди рӯйдодҳои ояндаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамоишҳои байналмилалии Тошканд, иқтисодии Бишкек, ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон ва вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе табодули назар карданд.

Дар поёни ин дидор дар мавриди густариш ва таъмиқи равобити дуҷониба ҳам музокира шуд.