Июл 13, 2021 11:56 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми зиндон барои 5 нафар аз сокинони ноҳияи Конибодом
    Судури ҳукми зиндон барои 5 нафар аз сокинони ноҳияи Конибодом

Додгоҳи ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд 5 сокини ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи мамнӯъаи салафия ба зиндон маҳкум кард.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик,   ин панҷ нафар барои таблиғи ғояҳои салафия дар фазои маҷозӣ ва амалҳои зидди амнияти миллӣ айбдор карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин афрод аз 22 то 45 сол дошта, яке ба шаш сол ва дигаре ба панҷ соли зиндон маҳкум шудаанд.

Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ин афрод ғояҳои гурӯҳи салафияро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон  ду бор дар солҳои 2010 ва 2014 ду бор бо ифротӣ  эълом кардани салафия фаъолияти ин гурӯҳро дар кишвар мамнӯъ кард.

 

Барчасп