Фавти яке аз ҳунармандони Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Jul 2021 12:26:26 GMT )
Июл 13, 2021 17:26 Asia/Dushanbe
  • Фавти яке аз ҳунармандони Тоҷикистон

Ҳунарманди тоҷикистонӣ бар асари ибтило ба корона даргузашт.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди маъруфи  театру синамои тоҷик дар Душанбе, дар бемористон, дар синни 70-солагӣ даргузашт.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ Шералӣ Абдулқайсов ба бемории сироятии коронавирус сироят шуда буд ва дар беморхонаи Қария Болои  Душанбе бистарӣ шуда буд, ки чанд вақти ахир дар шӯъбаи эҳё қарор дошт.

Ҳоло дақиқ нашудааст, ки маросими ҷаноза ва дафни ҳунарпеша кай баргузор мешавад. Наздикони марҳум ният доранд ҷанозаи ӯро ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон бибаранд. Аммо аз он ҷо, ки марҳум Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон буд, тибқи муқаррароти роиҷ бояд дар оромгоҳи шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дар Лучоб дафн шавад.

Шералӣ Абдулқайсов моҳи апрели имсол 70-сола шуда буд ва дар моҳи май алоқамандон ва наздикону шогирдонаш тайи як маросими хосе 70-солагии ин ҳунарманди пуровозаи театру синамои тоҷикистонро таҷлил карда буданд.

Ин ҳунарпеши маъруф 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шуда буд. Соли 1973 бахши санъат ва актиёриии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм карда буд. Пас аз хатм ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор мепардозад, ки то поёни умр дар даргоҳ кор кард.

Дар солҳои 90-ум ба Донишкадаҳи фарҳангу ҳунари ба номи Турсунзода ба кор оғоз кард, ки дар ин даргоҳ мудири кафедраи маҳорати актиёрӣ буд.

Шералӣ Абдулқайсов дар саҳнаҳои театру синамои тоҷик нақшҳои мондагоре офаридааст, ки эшонро дар шумори беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон қарор додаанд.

Абдулқайсов дар намоишномаҳои “Эдип”, “Ромео ва Ҷулетта”, “Алломаи Адҳам”, “Ревизор”, “Лавҳаи инқилобӣ” ва филмҳои ҳунарии “Марди роҳ”, “Субҳи ҷавонии ман”, “Падари маҳтобӣ” ва “Мусофир” нақш офаридааст.

Вай ҳамчунин дар маҷмуаи телевизионии муштараки Эрону Тоҷикистон ба номи «Шукрона» нақши «Насиб»-ро бозӣ карда буд.