Шиносоии 43 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 14 Jul 2021 06:23:51 GMT )
Июл 14, 2021 11:23 Asia/Dushanbe
  • Тайи шабонарӯзи ахир 43 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд
    Тайи шабонарӯзи ахир 43 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд

Тайи шабонарӯзи ахир 43 нафар дар Тоҷикистон ба вируси корона гирифтор шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 43 мавриди ҷадиди мубталоён ба вируси корона тайи 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 28 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ 3 нафар фавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 13 июл дар кишвар 13911 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13581 нафар (97,6%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 107 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Бештар бихонед: