Шиносоии 47 мавриди ҷадиди мубтало ба корона дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 15 Jul 2021 06:11:49 GMT )
Июл 15, 2021 11:11 Asia/Dushanbe
  • Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 47 мавриди ҷадиди мубтало ба корона тайи 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.
    Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 47 мавриди ҷадиди мубтало ба корона тайи 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 47 мавриди ҷадиди мубтало ба корона тайи 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумораи беморони гирифтори бемории Кувид 19 дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 958 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, ки аз ин теъдод 13 ҳазору 600 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Бар асоси ин гузориш бо сабти 2 мавриди фавтии дигар дар шабонарӯзи ахир шумораи фавтиҳо низ ба 109 нафар расид.

Ғафур Моҳсензода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки масъулони вазорат бо воридкунандагони як ширкати ваксинаи коронавии чинӣ бо номи " CoronaVas"  барои воридот созиш ба даст оварданд.

Вай афзуд, ки барои ворид кардани ваксинаҳо аз ин ширкати чинӣ 28 миллиону 800 ҳазор доллар лозим аст, ки аз он 25 миллион долларро Бонки рушди Осиё ва боқимондаро Тоҷикистон пардохт хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: