Июл 15, 2021 13:23 Asia/Dushanbe
  • Кашфи маводи мухаддир аз паноҳҷӯёни афғонӣ
    Кашфи маводи мухаддир аз паноҳҷӯёни афғонӣ

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз кашфи маводи мухаддир аз паноҳҷӯёни афғонӣ ҳангоми вуруди онон ба вилояти Бадахшон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  аз маркази матбӯотии нерӯҳои марзбонии Комитети амнияти миллии Тоҷикистони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон  ҳангоми бозрасӣ 3 килою 500 грамм  тарёк аз паноҳҷуёни афғонӣ кашфу забт каранд.

13 ва 14  июли соли ҷорӣ 347 нафар, аз ҷумла  91 мард,  77 зан  ва 177  кӯдаки афғонистонӣ,  ки бештари онҳо  аз сокнони қирғизтабори ноҳияи Вохони вилояти Бадахшони ин кишвар ҳастанд, ки ба иллати тарс  аз ҳамалоти эҳтимолии гурӯҳи Толибон бо убур аз гузаргоҳҳои марзӣ дар рустои Қизилработ, ноҳияи Мурғоб  вориди хоки Тоҷикистон шуданд.

Марзбонони тоҷик ба далоили инсондӯстона ба паноҳандагони афғон иҷозаи истиқрор дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшонро доданд.

Гуфта мешавад ҳангоми убури марз ду кӯдаки паноҳҷӯи афғон ҷони худро аз даст додаанд.

Барчасп