Коҳиши воридоти бензин ба Тоҷикистон
Муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт : Далели гаронии навъҳои гуногуни сӯзишворӣ афзоиши нархи он дар кишварҳои тавлидкунанда аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, Сафаралӣ Қурбонзода афзуд: Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали имсол 112 ҳазор тон бензин ба арзиши 61 миллион доллар ворид кардааст, ки ин мизон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 8 ҳазор тон камтар аст .
Ба гуфтаи муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархи миёнаи бензини воридотӣ дар январ - июни 2021 нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 30 дарсад афзоиш ёфтааст .
Ӯ гуфт : Нархи бензин дар ҷойгоҳҳои фуруши сӯхт аз 8.70 то 9.50 сомонӣ аст ва дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон камбуди сӯхт надорад .
Тоҷикистон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон анвоъи сӯхт ворид мекунад .
Бештар бихонед :