Июл 16, 2021 16:09 Asia/Dushanbe

Мақомоти низомии Тоҷикистон ва Покистон бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Вазири дифои Тоҷикистон дар дидор бо фармондеҳи артиши Покистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои низомиву дифоии дуҷонибаро баррасӣ кард.

Ҳамчунин дар ин дидор мақомоти низомии ду кишвар дар мавриди вазъияти амниятии навоҳии марзии Тоҷикистон ва Афғонистон ройзанӣ ва барои иҷрои иқдомоти муштарак бо ҳадафи ҳифзи сулҳу суботи минтақаӣ тавофуқ карданд.

Бино бар эъломи равобити умумии артиши Покистон, генерал Шералӣ Мирзо дар мақари Ситоди фармондеҳии артиши Покистон, дар шаҳри Ровелпинди бо генерал Қамар Ҷовид Боҷво мулоқот кард. Генерал Боҷво, фармондеҳи артиши Покистон дар ин дидор бо қадрдонӣ аз талошҳои Тоҷикистон дар иртиқои сатҳи иртибототи минтақаӣ гуфт: Покистон барои равобити бародаронаи худ бо Тоҷикистон аҳамияти зиёде қоил аст.

Вазири дифои Тоҷикистон низ аз иқдомоти Покистон бо ҳадафи ҳифзи сулҳу суботи минтақаӣ, ба вижа дар кишвари Афғонистон ташаккур кард.

Генерал Шералӣ Мирзо афзуд: Тоҷикистон ҳамкории худро бо мақомоти покистонӣ барои ҳифзу сулҳу субот дар минтақа идома медиҳад.

Дидор бо генерал Надим Ризо, раиси Ситоди муштараки артиши Покистон аз дигар барномаҳои сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Покистон буд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп