Лузуми риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ дар иди Қурбон
Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз мардум хост дар иди Қурбон шеваномаҳои беҳдоштиро риоят кунанд .
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони ин кишвар дархост кардааст, ки дар иди саиди Қурбон аз диду боздид ва идгардак парҳез кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин Шӯро дар баёнияе таъкид кард ба далели густариши вируси корона пас аз барпоии намози иди саиди Қурбон аз диду боздидҳои хонаводагӣ худдорӣ шавад .
Бар асоси суннати роиҷ дар Тоҷикстон пас аз барпоии намози идҳои саиди Фитр ва Қурбон бештари мардум барои дидорбинии идона ба хонаҳои якдигар мераванд ва кӯдакон низ дар маҳаллаҳо бо табрики фаро расидани ид аз сокинони манозил ширинӣ ва ҳадия мегиранд.
Аммо имсол ба далели шуюъи дубораи бемории Ковид 19 аз сокинони Тоҷикистон хоста шудааст, ки дар хона бимонанд .
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз намозгузорон низ дархост кард бо ниқоб ва дасткаш ба масҷидҳо бираванд.
Соли 2020 ба далели густариши Ковид 19 намози иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон барпо нашуд .
Имсол сешанбе 20 июл дар Тоҷикстон иди саиди Қурбон аст.
Бештар бихонед :