Июл 23, 2021 20:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳатмӣ шудани пардохти андоз аз даромади хадамоти электронӣ дар Тоҷикистон

Ширкати “Apple”, нахустин ширкати хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, ки молиёт ё андоз аз даромади хадамоти электрониро пардохт кард.

Ба гузориши “Ховар”, ширкати хориҷии “Apple Distribution International Limited”, ки хадамоти электрониро ба афрод дар Тоҷикистон ироа мекунад, аввалин ширкате аст, ки изҳорномаи молиётии худро барои семоҳаи аввал ва дувуми соли 2021, дар 16 июл ироа ва андоз аз арзиши афзударо барои ин давраҳо ба маблағи 238 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлати Тоҷикистон пардохт кард.

Мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷии ироакунандаи хадамоти электронӣ бояд дар Кумитаи андоз сабт шаванд ва андоз аз арзиши афзударо ба давлати Тоҷикистон пардохт кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп