Июл 28, 2021 16:22 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми зиндон барои 18 нафар аз аъзои гурӯҳи Салафия

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 18 нафар аз аъзои гурӯҳи Салафияро ба зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин афрод аз як то 5 солу шаш моҳ зиндон маҳкум шуданд.

Ба гуфтаи Муҳсин Қулматов, вакили додгустарӣ, саркардаи ин гурӯҳ ба 5 солу 6 моҳ ва 13 нафари дигар ба таҳаммули 5 сол зиндон маҳкум шуданд.

Ӯ гуфт, ин афрод бар асоси моддаи 307 қонуни ҷиноятии Тоҷикистон муҷрим шинохта шуданд.

Вакили додгустарӣ гуфт, яке аз аъзои ин гурӯҳ ба номи Абдулкамол Аҳадов маълул аст.

Вай афзуд: Онҳо бо ин раъй мувофиқ нестанд ва тасмим гирифтанд пас аз иблоғи расмӣ ба мақомоти болотар дархости таҷдиди назар диҳанд.

Волидону наздикони онҳо низ бо муроҷиа ба дафтари Раиси ҷумҳурӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон, аз онҳо дархости кумак кардаанд.

Онҳо мегӯянд, ки бастагони онҳо бегуноҳ ҳастанд ва бо зӯру шиканҷа маҷбур ба эътироф шудаанд.

Ин 18 нафарро полиси вилояти Суғд дар феврали соли ҷорӣ ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи Салафия боздошт кард.

Фаъолияти гурӯҳи Салафия дар Тоҷикистон ба унвони созмони ифротӣ аз соли 2005 мамнуъ шуд ва теъдоди зиёде аз аъзои он ҳам боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд.

 

Барчасп