Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон: Аз фаъолони иқтисодии эронӣ дар Тоҷикистон истиқбол мекунем
(last modified Sun, 01 Aug 2021 13:31:28 GMT )
Август 01, 2021 18:31 Asia/Dushanbe
  • Низомиддин Шамсуддинзодаи Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон
    Низомиддин Шамсуддинзодаи Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон таъкид кард, Эрон барои сиёсатгузорони тоҷик аҳаммияти бисёр дорад ва Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо фаъолони иқтисодии эронист.

Ба нақл аз Ирно, Низомиддин Шамсуддинзодаи Зоҳидӣ дар Семинари маҷозии баррасии равобити тиҷории Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Эрон кишварест, ки аз аҳаммияти болое назди сиёсатгузорони тоҷик бархурдор аст ва барои вуруди фаъолони иқтисодӣ ва сармоягузорон аз Эрон ба иқтисоди рӯ ба тараққии Тоҷикистон комилан омода ҳастем”.

Зоҳидӣ аз уфти 85 дарсадии тиҷорати дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон дар солҳои ахир хабар дод ва гуфт: Баргузории рӯйдодҳои маҷозӣ дар канори ҳузури фаъолони иқтисодӣ дар намоишгоҳҳои ду кишвар ва эъзоми ҳайатҳои тиҷорӣ барои ошноии бештар бо зарфиятҳои ҳамкорӣ ва шинохти шарикони тиҷорӣ, аз ҷумлаи иқдомоти муштарак барои беҳбуди сатҳи муносиботи иқтисодист”.  

Вай ҳамчунин ба санади миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ишора карду афзуд: Дар қолаби ин санад, ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон қобили афзоиш аст”.

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон сипас ба омодагии ду кишвар барои имзои чандин созишномаи ҳамкорӣ ишора кард, ки имзои тавофуқи ҳамкории миёни биржаи Теҳрон ва биржаи Осиёи Марказии Тоҷикистон дар дастури кор қарор дорад.

Вай ҳамчунин бо ишора ба имзои 170 созишнома ва анвои санадҳои ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Эрон гуфт: Яке аз муҳимтарин санадҳои ҳамкории байни ду кишвар дар ҳавзаи сармоягузорист, ки дар тӯли солҳои гузашта мунҷар ба иҷрои чанд тарҳи муваффақ аз ҷумлаи эҳдоси нерӯгоҳи барқӣ-обӣ ва нақби истиқлол шудааст. Тарҳҳое, ки имрӯза аз онҳо ба унвони намодҳои ҳамкории дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон ёд мешавад”.

Бештар бихонед: