Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистон
(last modified Wed, 04 Aug 2021 05:12:39 GMT )
Август 04, 2021 10:12 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар дидори машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон сафар кард.

Бино ба гузориши сомонаи Ховар, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раёсатҷумҳурӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бештар бихонед: