Август 04, 2021 11:22 Asia/Dushanbe
  • Таъйини намояндаи ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ намояндаи ҷадиди худро дар Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Форс, Озан Севимли ба унвони намояндаи ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Озан Севимли гуфт, ба талош барои тавсеъаи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ дар давлатҳо, шарикони тавсеъа, ҷомеъаи маданӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Вай вазифаи аслии худ дар моҳҳои ояндаро тазмини ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон дар давраи бозсозии баъд аз корона, аз ҷумла беҳбуди иқтисод, ҳифозат аз ҳаёти мардуму тақвияти системаи беҳдошт, эълом кард.

Озан Севимли намояндагии доими Бонки Ҷаҳонӣ дар Туркманистонро низ бар ӯҳда хоҳад дошт.

Раиси ҷадиди ин муассисаи молии байналмилалӣ 2 август оғоз ба кор кард.

Ян-Петер Олтерс, намояндаи пешини Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки аз апрели соли 2017 ин вазифаро бар ӯҳда дошт, барканор шуд.

Озан Севимли аз соли 2005 дар Бонки Ҷаҳонӣ дар вазифаҳои мухталиф дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб кор кардааст..

Севимли фориғуттаҳсили Донишгоҳи Техас (ИМА) ва Донишгоҳи илмҳои амалии Манхайм (Олмон) мебошад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп