Афзоиши дубораи нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Август 04, 2021 12:15 Asia/Dushanbe
Тайи ҳафтаи ахир нархи сӯхт дар Тоҷикистон дубора афзоиш ёфт.
Ин афзоиши қимат дар ҳоле аст, ки масъулони Тоҷикистон аз назорат барои пешгирӣ аз афзоиши қимати сӯхт хабар дода буданд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, қимати як литр бензин дар шаҳри Душанбе ба 10 сомонӣ расидааст.
Баррасиҳо нишон медиҳад, ки қимати бензин дар Тоҷикистон тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 44,5 дарсад, салярка 31 дарсад ва гази моеъ 20 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар асоси омори расмӣ тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ Тоҷикистон 262 ҳазор тон сӯхт ба арзиши 146 миллион доллар ворид кардааст, ки ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл 11 дарсад коҳиш доштааст.
Бештар бихонед:
- Кашфи лулаи интиқоли сӯхти қочоқ дар ноҳияи марзии муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон
- Афзоиши 15 то 40 дарсадии қимати сӯхт тайи як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон
Барчасп