Ихтисоси 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ барои сохти нерӯгоҳи Роғун
(last modified Thu, 05 Aug 2021 11:30:44 GMT )
Август 05, 2021 16:30 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ барои сохти нерӯгоҳи Роғун

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ ихтисос додааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, мудирони ширкати саҳҳомии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун бар зарурати афзоиши сармоягузорӣ дар ин тарҳи муҳими тавлиди энержии Тоҷикистон таъкид карданд.
Соли 2020 барои сохти ин нерӯгоҳ 3 миллиарду 181 миллиону 824 ҳазор сомонӣ сарф шуд .
Таии 12 соли ахир низ барои такмили ин нерӯгоҳ 34 миллиарду 300 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст .
Ҳамчунин аз соли 2018 то кунун бо баҳрабардорӣ аз ду турбин аз шаш турбини ин нерӯгоҳ 2 миллиарду 900 киловатт-соъат ба мизони тавлиди барқи Тоҷикистон афзуда шуд .
Мақомоти Тоҷикистони пешбинӣ карданд сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён бирасад.
 


Бештар бихонед :