Бо ҳузури низомиёни Тоҷикистону Узбекистон размоиши низомии муштараки Русия дар муҷовирати марзи Афғонистон оғоз шуд
(last modified 2021-08-06T11:48:49+00:00 )
Август 06, 2021 16:48 Asia/Dushanbe
  • Бо ҳузури низомиёни Тоҷикистону Узбекистон размоиши низомии муштараки Русия дар муҷовирати марзи Афғонистон оғоз шуд

Русия размоиши низомии муштараки худро бо ҳузури низомиёне аз Тоҷикистону Узбекистон дар муҷовирату фосилаи 20 километрӣ аз марзҳои Афғонистон оғоз кард .

Ба гузориши РИА Новости, гуфта шуда дар ин размоиши низомӣ 2 ҳазору 500 нерӯии низомӣ аз ҳар се кишвари ширкаткунанда ҳузур доранд ва ин тамринот 5 рӯзи дигар идома хоҳад дошт .
Муовини фармондеҳи нерӯҳои низомии минтақаи марказии Русия дар бораи ин размоиши низомии муштарак гуфтааст, ки таҳдидоти низомӣ дар минтақаи Осиёи марказӣ дар ҳоли афзоиш буда ва авзоъ беш аз пеш вахиму ғайриқобили пешбинӣ шудааст.

 

Барчасп