Қаҳрамонии варзишкори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии ҳунарҳои размии омехта
Варзишкори тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар ҳунарҳои размии таркибӣ ё омехта нишони тилло касб кард.
Ба гузориши шабакаи “Варзиш”-и Тоҷикистон, мусобиқоти ҷаҳонии ҳунарҳои размии таркибӣ миёни навҷавонони 12 то 18 сола дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуд.
Тими миллии Тоҷикистон низ дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки дар он варзишкорони беш аз 23 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд, ширкат ва як нишони тилло ва чаҳор медали биринҷӣ (бронз) касб кард.
Хуршед Қудратов дар вазни то 67 килограмм дар байни варзишкорони 14 то 15 сол соҳиби нишони тиллои мусобиқот шуд.
Эммуэл Зайниддинов дар вазни 40 килограмм ҳам дар радаи синнии 12 то 13 сол, Аслиддини Баҳриддин, Сафиуллоҳи Муҳаммадалӣ дар байни ширкаткунандагони 14 то 15 сол ва Умед Муҳаммадиев дар вазни 52 килограмм дар радаи синнии 16 то 17 сол нишони биринҷиро дар вазни 40 килограмм ба даст оварданд.