Баҳрабардорӣ аз як майдони варзишӣ дар вилояти Суғд
(last modified Fri, 06 Aug 2021 15:38:10 GMT )
Август 06, 2021 20:38 Asia/Dushanbe
  • Баҳрабардорӣ аз як майдони варзишӣ дар вилояти Суғд

Як замини чаман ё майдони варзишӣ дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд баҳрабардорӣ шуд.

Ба гузориши шабакаи “Варзиш”-и Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар сафари худ ба ноҳияи Конибодом, ин замини чаманро баҳрабардорӣ кард.

Ин замини чамани варзиширо некӯкори маҳаллӣ Баҳодур Искандаров бо маблағи 300 ҳазор сомонӣ бунёд кардааст.

Аҳмадзода дар маросими баҳрабардорӣ аз ин замини чаман гуфт: Дар вилояти Суғд 46 варзишгоҳ, 1845 замини варзишӣ, 567 салони бадансозӣ, 34 ҳавзи шино ва 181 маҷмӯаи варзишии вижаи тирандозӣ, боулинг ва бадансозӣ сохта шудааст.

Вай афзуд: Дар соли гузашта 1 варзишгоҳ, 9 салон ва 28 замини варзишӣ ва 1 ҳавзи ишно бо буҷети давлат ва кумаки корофаринон бунёд шудааст.