Август 07, 2021 08:55 Asia/Dushanbe
  • Сабти 76 мавриди ҷадиди COVID-19 ва як фавтӣ дар Тоҷикистон

Дар 24 соати гузашта шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 76 нафар зиёд шудааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 440 нафар расид.

Шабонарӯзи гузашта 1 ҳодисаи фавт аз COVID-19 қайд гирифта шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия ба 122 нафар расид.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 948  нафарро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 81 нафар шифо ёфтаанд.

То 4 августи  соли равон дар Тоҷикистон 1 миллиону 13  ҳазору 808  нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то рӯзи зикргардида 80 ҳазору 250 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Бештар бихонед:

Вазири кишвари Тоҷикистон : Ҳама бояд ваксинаи корона тазриқ кунанд