Шиносоии 70 бемори коронаии нав дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 08 Aug 2021 06:54:31 GMT )
Август 08, 2021 11:54 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 70 бемори коронаии нав дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шаносоии 70 бемори коронаии дигар дар 24 соъати гузашта хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон бо ҳисоби ин 70 бемори шиносоишуда теъдоди мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон то кунун ба 15 ҳазору 5183 нафар расид, ки аз ин теъдод 15 ҳазору 119 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Ҳамчунин таи шабонарӯзи охир 83 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.
Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ низ бидуни сабти мавриди нав дар шабонарӯзи охир ҳамон 122 нафар пештара аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: То кунун як миллиону сездаҳ ҳазор нафар дар ин кишвар дозаи аввал ва 80 ҳазору 250 тан низ дозаи дуввуми ваксинаи коронаро дарёфт карданд.
Ҳамчунин мақомоти шаҳрдории Душанбе низ гуфтанд,ки ба ҳамаи 16 ҳазору 290 муаллими мактабҳои пойтахти Тоҷикистон ҳар ду дозаи ваксинаи корона тазриқ шудааст.



Бештар бихонед :