Бозсозии шабакаи оби маркази вилояти Бадахшон бо ҳазинаи беш аз 1 миллион доллар
(last modified 2021-08-08T15:36:56+00:00 )
Август 08, 2021 20:36 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии шабакаи оби маркази вилояти Бадахшон бо ҳазинаи беш аз 1 миллион доллар

Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ амалисозии марҳилаи дуюми  «Лоиҳаи беҳсозии низоми обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон-марҳилаи 2– шаҳри Хоруғ»-ро оғоз намуд.

Ба нақл аз Ховар, ин лоиҳа барои дар чаҳор фасли сол бо оби ошомиданӣ таъмин кардани зиёда аз 30 ҳазор сокинони шаҳр нигаронида шудааст.

Тавре сардори Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ Зарифхон Зарифхонов иттилоъ дод, “дар марҳилаи аввал хати обгузари Боғевдара-Хоруғ мавриди истифода қарор дода шуд ва ҳоло 9 ҳазор метри мукааб об ба ҳавзҳои обтаъминкунии шаҳр ворид мегардад. Илова бар ин ба ин ҳавз беш аз 300 мукааб об аз мавзеи Сиёб ва 100 метри мукааби дигар аз дараи Хуфак ворид мегардад. Сокинони шаҳр дар як шабонарӯз ба 9 ҳазору 400 метри мукааб об ниёз доранд, аммо бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани қубурҳои обгузар ва сарфаҷӯёна истифода накардани оби пок ҳанӯз ҳам ба баъзе аз маҳалҳои шаҳр об мутобиқи реҷа интиқол дода мешавад”.

Ба гуфтаи муҳандиси корхонаи мазкур Азизшо Озодамиров, “дар доираи ҳамин лоиҳа қубурҳои асосии оби ошомиданӣ ва канализатсионӣ дар хиёбони марказии шаҳр марҳила ба марҳила иваз карда мешаванд. Лоихаи мазкурро  Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мекунад ва тадбиқи пурраи он соли  2022 пешбинӣ шудааст”.

Ҳамоҳангсози ин лоиҳа Наҷиб Яминов изҳор дошт, ки барои дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла ду мошини махсус ва се дастгоҳи барқӣ, як таҷҳизоти махсус барои муайян намудани садамаҳо дар иншооти обтаъминкунӣ 184 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Ҳамчунин барои таъмиру таҷдиди бинои маъмурӣ  85 ҳазор доллар аз ҳисоби ин лоиҳа ҷудо гардида, бинои мазкур пурра таъмир ва навсозӣ карда шуд. Мутахассисони лоиҳа иброз доштанд, ки барои барқарорсозии 5 ҳавзи обпарто  762 ҳазор доллар, таҷдиди ду пойгоҳи обкаш 198 ҳазор доллар,  харидории таҷҳизоти техникӣ ва мебел 78 ҳазор доллар ҷудо гардид.

Бештар бихонед:

Ӯзбакистон ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон хоҳад сохт