Поёни мусобиқоти тенниси “Ҷоми Президенти Тоҷикистон”
Мусобиқоти байналмилалии тенниси “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” поён ёфт.
Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқот ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд.
Бар асоси эъломи Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар мусобиқоти инфиродии мардон Амирҳамза Насриддинов (Русия) қаҳрамони мусобиқот шуд.
Ӯ дар мусобиқаи ниҳоӣ Стефан Сач аз Британияро шикаст дод.
Дар бахши бонувон низ Виктория Милованова (Русия) нишони тиллоро касб кард ва ҳарифи вай Валерия Ивановская мақоми дувумро ба даст овард.
Дар мусобиқоти дунафараи писарон ҳам Амирҳамза Насриддинов (Русия) ва Исомҷон Шарифов (Тоҷикистон) мақоми аввалро касб карданд.
Саид Аброров ва Исмоил Хайруддинов аз Узбакистон дувум шуданд.
Дар мусобқоти дунафараи духтарон Муниса Ашӯрбекова ва Мафтунабону Қаҳрамонова мақоми аввалро касб карданд.
Ҳамчунин Алия Мӯсобекова ва Омина Валихонова ҷойгоҳи дувумро ба даст оварданд.
64 варзишкор аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳинд, Покистон, Шриланка, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикова Олмон дар ёздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии тенниси навҷавонони “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” ширкат карда буданд.