Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади халабони кушташудаи чархболи Нерӯи марзбонии Тоҷикистон
Бо гузашти 5 рӯз аз ҳодисаи суқути болгарди Нерӯи марзбонии Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам ҷасади халабони он пайдо нашудааст.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Ҷамшед Камолов, масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфтааст, ки гурӯҳҳои имдоду наҷот омодаи эъзом ба маҳалли ҳодиса мебошанд ва мунтазири болгарди дигаре аз нерӯи марзбонии ин кишвар ҳастанд.
Бар асоси ин гузориш, барои интиқоли гурӯҳи имдоду наҷот бояд халабоне баргузида шавад, ки муҷаввизи парвоз ва таҷрибаи кофӣ дар баландии болои 6 ҳазор метрро дар кӯҳистонҳои вилояти Бадахшон дошта бошад.
Гуфта шудааст, ки ҷасади халабони кушташудаи чархболи Нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар иртифои 5 ҳазору 300 метрӣ бар рӯйи пиряхи Хирсон, дар водии Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ қарор дорад.
Дар пайи суқути тарма ва нопадид шудани як гардишгари рус, чархболи Нерӯи марзбонии Тоҷикистон барои наҷоти ин афрод ба минтақа эъзом шуд, ки ҳангоми фуруд дучори ҳодиса гардиду аз 5 хадамаи он, халабон ҷони худро аз даст додаву бақия ҳам ба шиддат захмӣ шудаанд.
5 рӯз пас аз ин ҳодиса, бо як фарванд болгарди МИ- 8 Идораи марзбонии Тоҷикистон 10 нафар аз осебдидагон аз ду ҳодисаи суқути тарма ва чархбол дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ба Душанбе мунтақил ва дар бемористон бистарӣ шуданд. Аммо ҷасади кӯҳнаварди рус ва халабони болгарди Нерӯи марзбонии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар маҳалли ин ҳодиса боқӣ мондааст.
Бештар бихонед:
- Интиқоли осебдидагон аз суқути болгард ва тарма аз Бадахшон ба Душанбе
- Вазъияти номусоиди ҳаво далели фурӯди изтирории болгарди ҳомили кӯҳнавардон