Шиносоии 69 бемори ҷадиди корона дар Тоҷикистон
Август 10, 2021 11:48 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 69 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 69 бимори шиносоишуда, теъдоди мубталоён ба Ковид- 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 15 ҳазору 720 нафар расид, ки аз ин теъдод 15 ҳазору 269 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Ҳамчунин тайи шабонарӯзи ахир 76 нафар аз беморони мубтало ба Ковид- 19 дар Тоҷикстон дармон шудаанд.
Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ низ бидуни сабти мавриди ҷадид дар шабонарӯзи охир ҳамон 122 нафари қаблӣ аст.