Август 10, 2021 17:52 Asia/Dushanbe
  • Шералӣ Мирзо: Толибон дорои силоҳи ҷадид ва роҳбурди мушаххас мебошад

Вазири дифои Тоҷикистон эълом кард, ки гурӯҳи Толибон дорои силоҳ ва таҷҳизоти ҷадид ва роҳбурди мушаххас мебошад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Шералӣ Мирзо гуфтааст, ки таҳаввулоти Афғонистон дар пайи фаъолияти густардаи гурӯҳи Толибон барои ишғоли марокизи устонҳои Афғонистон ба авзоъи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсир хоҳад расонд.

Вай таъкид кардааст, ки размоиши муштараки низомии Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия дар марзи Афғонистон дорои ин паём буд, ки кишварҳои минтақа ба ҳарнавъ ҳамалоти эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон посухи кубанда хоҳанд дод. Зеро ин размоиш нишон дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин се кишвар аз тавони муқобила бо ҳарнавъ иқдомоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон алайҳи амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бархӯрдор мебошанд.

Бештар бихонед:

Барчасп