Август 11, 2021 11:33 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 72 бемори коронаии ҷадид ва сабти як фавтӣ дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 72 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 72 бемории шиносоӣ шуда, теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон токунӯн ба 15 ҳазору 792 нафар расид. ки аз ин теъдод 15 ҳазору 352 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ҳамчунин тайи шабонарӯзи охир 83 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ бо сабти як мавриди ҷадид дар шабонарӯзи охир ба 123 нафар расидааст.

 

Барчасп