Август 11, 2021 21:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 25 дарсадии қимати муколамаи телефонии ширкати Tcell дар Тоҷикистон

Ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи Tcell дар Тоҷикистон аз афзоиши қимати муколимоти хеш ба мизони 25 дарсад хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин иқдом ба маънии афзоиши қимати муколимоти телефонии муштаракони ин ширкат аз 1,5 то 10 сомонӣ хоҳад буд.

Мақомоти ширкати ёдшуда дар тавҷеҳи ин иқдоми хеш гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон то ба ҳол як давраи 5 сола тахфифи қиматҳо барои муштариён вуҷуд дошт, ки бо поёни ин замон акнун қимати муколимоти телефонӣ 25 дарсад афзоиш меёбад.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати Tcell дар миёни дигар ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ, аз ҷумла Babilon, Zet Mobile ва Megafon теъдоди бештарини муштариёнро дошт.

Аз сӯйи дигар, коршиносони ширкати байналмилалии “Speedtest Global Index” дар гузориши худ дар оғози соли ҷорӣ эълом карда буданд, ки аз нигоҳи суръати Интернет, телефони ҳамроҳи Тоҷикистон дар миёни 140 кишвари ҷаҳон дар ҷойгоҳи садубистунуҳум қарор дорад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп