Ноябр 03, 2016 12:31 Asia/Dushanbe
  • Таҳияи созишномаи аз саргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Тоҷикистон тарҳи созишномаи байнидавлатии аз саргирии парвозҳои мусофирбарӣ бо Узбакистонро таҳия кардааст.

Ба гузориши сойти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин матлабро Шералӣ Ганҷалзода- вазири нақлёти ин кишвар, рӯзи чаҳоршанбе дар суханоне дар парлумони ин кишвар эълом кард.

Вай гуфт, дар сурати ба тавофуқ расидани Тоҷикистон бо ҳукумати Узбакистон, заминаи аз саргири парвозҳои ҳафтаӣ, миёни Душанбе ва Тошканд фароҳам хоҳад шуд.

Мавзуи аз саргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз соли 1992, яъне замони қатъи ин парвозҳо, ҳамвора дар музокироти тарафайн матраҳ буда, ки то ба ҳол ба далели мухолифатҳои тарафи Тошканд ба натиҷа нарсидааст.

Парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон аз моҳи майи соли 1992 ба таври якҷонба аз суи давлати вақт Тошканд қатъ шуд.

Дар он замон миёни Душанбе ва Тошканд, рӯзе ду парвози рафту баргашт барқарор буд, аммо миёни Душанбе ва Самарқанд рӯзона то ҳашт парвоз анҷом мешуд.

Ба назар мерасад, ба далели нармши ахир дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз даргузашти Ислом Каримов, мақомоти тоҷик умедворанд, ки пас аз 24 сол заминаи аз саргирии парвозҳои ҳафтаии ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Душанбе ва Тошканд фароҳам шавад.

 

Барчасп