Дидори мақомоти ноҳияҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Раисони ноҳияҳои марзии Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистону Ботканди Қирғизистон дар дидоре роҷеъ ба таъмини оби рустоҳои марзӣ, поён додан ба иқдомоти якҷонибаи марзбонон ва пешгирӣ аз такрори ҳар навъи муноқишот ва даргириҳо баҳс ва табодули назар карданд.
Ба гузориши сомонаи АКИпресс, дар дидори Баҳоуддин Баҳодурзода ва Учқун Жорабеков, ки намояндагони идороти интизомӣ ва марзбонӣ низ ширкат карданд, дар бораи таъмини оби мавриди ниёзи рустоҳои ду кишвар, поён додан ба иқдоми марзбонони тоҷик барои сохти сангарҳо дар марзи муштарак ва худдорӣ аз ҳарнавъ барномае, ки мӯҷиби эҷоди ташаннуҷ мегардад, тавофуқ шуд.
Бар ин асос, тарафи Тоҷикистон мутааҳҳид шуд, ки оби мавриди ниёзи рустоҳои қирғизӣ ва Қирғизистон низ оби рустоҳои тоҷикнишинро таъмин хоҳад кард. Дар ин дидор ҷониби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки шиллики гулӯла ба бемористони ноҳияи Ботканд иттифоқӣ буда ва хисороте дар пай надоштааст.
Ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи даргирии рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ, ки мӯҷиби кушта шудани 55 нафар ва захмӣ шудани наздик ба 300 тан аз низомиён ва сокинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд гардид, ташдид шуд, ки марзҳои ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ мемонанд.
Ин дар ҳоле аст, ки бо вуҷӯди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
,Бештар бихонед:
- Дархости марзнишинони тоҷик ва қирғиз барои бозгушоии гузаргоҳҳои марзӣ
- Поёни нишасти гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе