Таъкиди Путин ва Раҳмон бар тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
(last modified Fri, 20 Aug 2021 12:38:50 GMT )
Август 20, 2021 17:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин ва Раҳмон бар тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар тамоси телефонӣ бо ишора ба вахомати авзои Афғонистон бар тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо ин кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, охирин вазъияти минтақа ва иттифоқоти ахир дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни ин тамоси телефонӣ, масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар заминаи мушорикати стратегӣ, аз ҷумла дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, низомӣ, фаннӣ ва мавзӯоти муҳими минтақаӣ ва байналмилалиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Бинобар гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони ду кишвар дар ин тамоси телефонӣ ба авзоъ дар Афғонистон тавваҷуҳи вижа карданд.

Раҳмон ва Путин зимни изҳори ин ки вахомати авзоъ дар Афғонистон метавонад бар вазъияти куллии амнияти минтақаӣ таъсири манфӣ бигузорад, хостори ҳамоҳангии бештари талошҳои дуҷониба ва чандҷониба барои тақвияти ҳифозат аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ва кумаки ҳамаҷониба барои ҳаллу фасли мусолиматомези буҳрони Афғонистон шуданд.

Дар ин росто, тарафайн дар мавриди идомаи тамосҳову ҳамкории наздик байни вазоратхонаву идороти зирабти ду кишвар дар заминаи масоили марбут ба тақвияти сулҳу суботи минтақаӣ тавофуқ карданд.

 

Бештар бихонед: