Пешбинии афзоиши тавлиди семент дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72418-Пешбинии_афзоиши_тавлиди_семент_дар_Тоҷикистон
Пешбинӣ мешавад то соли 2023 ҳудуди 5 миллион тон семент дар Тоҷикистон тавлид шавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 22, 2021 13:35 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии афзоиши тавлиди семент дар Тоҷикистон

Пешбинӣ мешавад то соли 2023 ҳудуди 5 миллион тон семент дар Тоҷикистон тавлид шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати саноъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард аз ин мизон 1 миллиону 900 ҳазор тон содир хоҳад шуд .
Дар соли 2019 як миллиону 500 ҳазор тон семент ба арзиши 68 миллион доллар аз Тоҷикистон ба хориҷ содир шуд.
Аммо дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона 1 миллиону 300 ҳазор тон семент ба Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд.
Дар Тоҷикистон 16 ширкат бо зарфияти тавлиди 4 миллиону 700 ҳазор тон семент фаъол аст, ки ҳамаи онҳо бо мушорикати молӣ ва фаннии кишвари Чин дар даҳаи ахир сохта шудааст .
Тавлиди семент дар Тоҷикистон дар соли 2020 ба 4 миллиону 200 ҳазор тон расид .