Муштзанҳои тоҷик ба марҳалаи ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтанд
Муштзанҳои тоҷик пас аз шикасти ҳарифони худ ба ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтанд.
Ба гузориши сомонаи варзишии Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё дар кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад.
Тими миллии бокси Тоҷикистон дар таркиби 21 нафарӣ ба Дубай эъзом шуд.
Анушервон Фозилов дар вазни (-46 килограм), Руслан Ғафуров (-50 килограм), Бузургмеҳр Эҳсонов (-52 килограм), Шаҳбоз Додоҷонов (-57 килограм), Муҳаммад Ҷабборов (-63 килограм), Юсуф Фозилов (-70 килограм), Нурланбек Эрматов (- 75), Акмалҷон Абдувалиев (-80), Бибиҷон Музаффарова (-54), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51), Искандарбек Рустамов (-54), Абубакр Муродов (-57), Абдурраҳим Ёқубов (-60) , Сироҷиддин Ҳоҷибоев (-67) ва Дурандеш Зубайдов (- 80) дар рақобатҳои ниманиҳоӣ ширкат хоҳанд кард.
Рақобатҳои ниманиҳоӣ дар 51 вазни (духтару писар) баргузор мешавад ва то 30 август дома хоҳад дошт.