Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкории худиро тақвият мекунанд
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллоҳзода дар дидори ин ҳайат, ки ба раёсати Татяна Проскурякова, мудири минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон сафар карданд гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ, яке аз шарикони муҳимии Вазорати тандурустии Тоҷикистон аст.
Абдуллоҳзода афзуд, токунӯн бо ҳимоятҳои молии Бонки Ҷаҳонӣ иқдомоти муҳимме дар ҳавзаи беҳдошт ва дармон иҷро шудааст.
Вай ҳимоятҳои ин ниҳоди молӣ аз Тоҷикистонро дар мубориза бо бемории корона бисёр муҳим донист.
Дар ин ҷаласа Озан Севимли, ба унвони намояндаи ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Севимли аз соли 2005 дар бонки мазкӯр дар симатҳои мухталифе ва дар манотиқе монанди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Африқо, Амрикои Лотин кор кардааст.
Ян Питер Олтерс, намояндаи пешини Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки аз апрели соли 2017 ин вазифаро бар ӯҳда дошт, барканор шуд.
Бештар бихонед:
- Баррасии ҳамкории Бонки Миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе
- Кумаки 58 миллиондоларии ройгони Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон