Август 31, 2021 11:14 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи «Қонуни афв» дар баррасии Парлумони Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони замони баррасии тарҳи қонуни ҷадиди афви умумӣ дар Маҷлиси намояндагонро рӯзи 6 сентябр таъйин кард.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, бо тасвиби ин қонун дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, заминаи озодӣ ва тахфифи муҷозоти 16 ҳазор нафар ба муносибати фарорасии 30 -юмин солгарди истиқлоли кишвар фароҳам хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти қазоии Тоҷикистон, 10 ҳазору 700 нафар аз зиндониёне, ки муддати маҳкумияти онон камтар аз 5 сол аст, 800 тан аз афроди таҳти боздошт ва гумонбарон, 300 нафар, ки парвандаи ҷиноии онон дар додгоҳҳо дар дасти баррасӣ мебошад, 4 ҳазору 650 нафар аз афроде, ки ҳукми маҳкумияти шартӣ доранд, мавриди афв қарор мегиранд.

Ҳамчунин барои 4 ҳазору 500 нафар низ тахфифи ҷазо дар назар гирифта шудааст.

25 октябри соли 2019 низ ба муносибати биступанҷумин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон (6 ноябр) қонуни афви умумӣ иҷро шуд, ки бар асоси он 20 ҳазор нафар аз зиндониён озод шуданд ва ё ба муҷозоти онҳо тахфиф дода шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп