Оғози фаъолияти маркази воҳиди мухобиротӣ дар Тоҷикистон
(last modified 2016-11-05T06:11:08+00:00 )
Ноябр 05, 2016 11:11 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолияти маркази воҳиди мухобиротӣ дар Тоҷикистон

Маркази воҳиди мухобиротӣ дар Тоҷикистон ба шакли озмоишӣ фаъолияти худро оғоз кард.

Ба гузориши сойти “ТопТҶ”, мақомоти ширкати давлатии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълом кардаанд, ки таҷҳизоти ин марказ аз хориҷ харидорӣ шудааст ва то поёни соли 2016 тамоми операторҳои телефони ҳамроҳ ва ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернетӣ таҳти пӯшиши ин марказ қарор хоҳанд гирифт. Алихон Бекназаров, намояндаи ширкати давлати Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, дар чорчӯби барномаи таъмини амнияти иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон тамоми муколамаҳои дохилию хориҷии телефонӣ, иртиботи интернетӣ ва мукотиботи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути маркази воҳиди мухобиротӣ дар ин кишвар таҳти контрол гирифта мешавад.

Коршиносон муътақиданд, ки вуҷуди ин марказ заминаи қатъи тамосҳои телефонӣ ва иртиботи интернетиро аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ дар сурати лозимӣ дар Тоҷикистон фароҳам хоҳад кард.

Ҳарчанд мақомоти Хадамоти мухобироти Тоҷикистон мегӯянд, ин маркази ҷадид барои таъмини амнияти иттилоърасонӣ муҳим аст, хонум Парвина Ибодова, коршиноси масоил сиёсӣ дар Тоҷикистон мӯътақид аст, агар шабакаҳои маркази воҳиди мухобиротӣ дар ин кишвар мавриди ҳамлаи ҳаккерӣ қарор гиранд, тамоми системаи мухобиротии ин ҷумҳурӣ аз кор хоҳад монд.