Сентябр 01, 2021 15:13 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии 3 миллиарду 256 миллиондоларии Тоҷикистон

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 256 миллион доллар расид.

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки қарзи хориҷии ин кишвар тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 256 миллион доллар расидааст.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», ин мизон қарзи хориҷӣ баробар бо 38 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин 3 миллиарду 100 миллион доллар аз кулли қарзи хориҷии Тоҷикистон маблағе аст, ки давлати ин кишвар бозпардохти онро тазмин кард.

Гуфта мешавад, тайи шаш моҳи нахусти имсол барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон, 115 миллион доллар ҳазина шуда, ки 37 миллиону 700 ҳазор доллари он суди вомҳои дарёфтшуда аст.

Чин бо пардохти 1 миллиарду 200 миллион доллар вом ҳамчунон дар рутбаи аввали кишварҳои кумаккунанда ба Тоҷикистон қарор дорад.

 

 

Барчасп