Cафари мақоми рус ба Тоҷикистон барои рафъи сӯитафоҳумҳо
Дар пайи сар задани бархе мушкилоти сиёсӣ дар равобити Маскаву Душанбе муовини вазири умури хориҷии Русия барои баррасии равобит ва ҳаллу фасли бархе сӯитафоҳумҳо ин ҳафта ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Григорий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия ин ҳафта барои як сафари дурӯза вориди шаҳри Душанбе мешавад. Барраси мавориди сӯитафоҳум, ки аз чанде қабл вориди фазои иртиботии Душанбе ва Маскав шудааст, дар дастури кори ин сафар қарор дорад.
Карасин шашумин мақоми баландпоя ва олирутбаи Русия аст, ки имсол ба Тоҷикистон сафар мекунад. Сафари ин мақоми олирутбаи Русия ба Тоҷикистон дар шароите аст, ки ба тозагӣ дар пайи боло гирифтани бархе ихтилофоти сиёсӣ миёни ду кишвар ахборе мабнӣ ба таваққуфи парвозҳои Маскав-Душанбе матраҳ шудааст. Коршиносон наздикии Тоҷикистон ба Арабистон ба унвони бузургтарин муттаҳиди Амрико дар минтақа, мавзӯи пайвастани Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисоди Авруосиё ва бетаваҷҷуҳии Маскав ба тааҳҳудоташ дар муҷаҳҳаз кардани артиши Тоҷикистонро сабаби аслии бурузи ихтилоф миёни Русия ва Тоҷикистон медонанд.