Омодагии Тоҷикистон барои баргузории дувумин давра аз мусобиқоти байналмилалии дзюдо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i73148-Омодагии_Тоҷикистон_барои_баргузории_дувумин_давра_аз_мусобиқоти_байналмилалии_дзюдо
Дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии дзюдо дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Сентябр 04, 2021 16:58 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистон барои баргузории дувумин давра аз мусобиқоти байналмилалии дзюдо

Дувумин давраи мусобиқоти байналмилалии дзюдо дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши вебгоҳи варзишии Тоҷикистон ин мусобиқот 12 сентябр ва бо ҳузури варзишкороне аз 13 кишвар баргузор хоҳад шуд.

Ин рӯйдоди варзишӣ бо талоши шаҳрдории шаҳри Душанбе, Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Федерасиюни дзюдои Тоҷикистон ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор мешавад.

Варизшкороне аз кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Русия, Украина, Беларес, Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Фаластин, Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар ин мусобиқот ширкат хоҳанд кард.

Ин мусобиқот дар 5 вазн дар бахши мардону занон баргузор мешавад. Аввалин давраи ин мусобиқоти имсол ба ифтихори фаро расидани Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузор шуд.