Тавзеҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи иллати ҳузур надоштан дар размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қирғизистон
(last modified 2021-09-08T03:57:24+00:00 )
Сентябр 08, 2021 08:57 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи иллати ҳузур надоштан дар размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи иллати ҳузур надоштан дар размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қирғизистонро тавзеҳ доданд.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, манобеи хабарӣ гуфтанд, ин рӯзҳо мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли баргузории ҷашнҳои сиюмин солгарди истиқлол бо ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ ҳастанд, ба ҳамин далел имкони фиристодани Нерӯҳои зудамал барои ширкат дар размоиши мавсум ба марзи 2021 Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қирғизистон вуҷуд надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки Нурлан Карашаев, муовини вазири дифои Қирғизистон ин матлабро дар нишасти кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури дифоъ ва амният баён кард, ки Тоҷикистон дар ин размоиш, ки 7 сентябр оғоз шуд, ширкат намекунад.

Вай таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар размоиши баъдии СПАД дар Тоҷикстон ширкат хоҳанд кард.