Сентябр 08, 2021 12:56 Asia/Dushanbe
  • Навиштани поённомаи докторӣ фақат бо муҷаввизи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо дастури раиси Ҷумҳурии Тоҷикстон, мақомоти аршади давлатӣ, ки донишҷӯи мақтаи докторӣ ҳастанд, фақат дар сурати судури муҷаввиз  метавонанд поённома бинависанд.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», фармони Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи Вазорати адлияи Тоҷикистон мунташир шуд, ки бар асоси он мудирони давлатӣ наметавонанд бидуни иҷозаи раиси ҷумҳур иқдом ба навиштани поённомаи докторӣ кунанд.

Ин фармон шомили раисони ҳар ду маҷиолис ва муовинони онон, нахуствазир ва муовинони вай, вазирону раисони созмонҳои давлатӣ, раис ва муовинони додгоҳи олӣ, додситонии кул ва муовинони вай, кормандони дафтари раёсати ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳо, шаҳрҳову навоҳии Тоҷикистон мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, иллати ин иқдом ифшо шудани беш аз 40 маврид дуздии осори илмӣ ҳангоми навиштани рисолаҳои доктории мақомот ва донишмандони тоҷик тайи солҳои ахир аз сӯйи пойгоҳи илмӣ бо номи «Диссернет» будааст.

 

Барчасп