Сентябр 08, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои озодии як табааи боздоштшудаи қирғиз

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ройзаниҳои худро барои озодии як табааи қирғизи боздоштшуда дар ноҳияҳои Исфараи вилояти Суғд оғоз карданд.

Ба гузориши сомонаи АКИ Пресс, марзбонони Тоҷикистон ин табааи қирғизистониро дар рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара ба иттиҳоми бардошти ғайримуҷози гиёҳи шираи камол боздошт карданд.

Гуфта мешавад, пас аз бозрасӣ аз вай 100 кило шираи камол кашф шудааст.

Аммо мақомоти марзбонии Қирғизистон муддаӣ ҳастанд, ки ин фард барои фурӯши гиёҳ ва алафҳо ба рустои Хоҷа Аъло рафтааст ва бояд озод шавад.

Акнун мақомоти полис ва марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизстон музокирот барои баррасии ин мавзӯро оғоз карданд.

Дар ҳоли ҳозир ин табааи қирғиз дар боздоштгоҳи муваққати кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

 

Барчасп