Ирсоли парвандаи Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ ба додгоҳ
(last modified Thu, 09 Sep 2021 05:07:30 GMT )
Сентябр 09, 2021 10:07 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли парвандаи Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ ба додгоҳ

Додситонии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон аз ирсоли парвандаи Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ, яке аз рӯҳониёни саршиноси минтақа ба додгоҳ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, иттиҳоми "тарвиҷи афкори ифротӣ дар фазои маҷозӣ"метавонад аз 5 то 10 сол зиндонро барои ин рӯҳонӣ дарпай дошта бошад.

Аммо наздикони ин рӯҳонӣ муътақиданд, ки вай дар аксар аз наворҳои видеоӣ дар бораи зарурати ваҳдати муслимин таъкид мекард.

Иззатуллоҳ Қуватбеков бародари Мавлавӣ Абдулло гуфт, ки додгоҳ муҳокимаи вай рӯзи 13 сентябр дар шаҳри Хорӯғ оғоз мешавад ва 4 нафар аз аъзои хонавода ҳаққи ҳузур дар ҷаласаро доранд. Вай 18 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шуд. Дар тафтиши хонаи Мавлавӣ низ чандин китоби мазҳабӣ ва миқдоре доллар кашф шуд.

Ба гуфтаи наздикони вай, ин пуле буд, ки ӯ барои хариди хонаи фарзандаш пасандоз кардааст.