Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мавзеи кишварашро дар бораи ҳукумати Толибон тавзеҳ дод
(last modified Fri, 10 Sep 2021 15:23:58 GMT )
Сентябр 10, 2021 20:23 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон мавзеи кишварашро дар бораи ҳукумати Толибон тавзеҳ дод

Сафири Тоҷикистон дар Кобул дар дидор бо намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон мавзеи Душанберо дар бораи ҳукумати Толибон тавзеҳ дод.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», Саъдии Шарифӣ дар дидор бо Мети Нудсен таъкид кард, ки Тоҷикистон танҳо давлате дар Кобулро ба расмият хоҳад шинохт, ки бо мушорикати ҳамаи ақвом ва ақалиятҳои миллӣ ташкил шавад.

Вай таъкид кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзи 25 августи соли ҷорӣ дар дидор бо Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар Душанбе гуфта буд, ки танҳо давлати фарогир бо мушорикати тамомии ақвом ва миллиятҳои Афғонистон дар ин кишвар машруъ мебошад ва Душанбе дар ин маврид мавзеи худро тағйир нахоҳад дод.

Намояндаи СММ дар умури Афғонистон низ дар ин дидор бар зарурати ҳамкории кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои ҳалли мушкилоти ин кишвар таъкид кард.

 

Бештар бихонед: