Истиқболи гарми тоҷикон аз “Персополис” дар Душанбе
Тими футболи "Персополис"-и Эрон, ки барои бозӣ бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар марҳалаи ҳазфии Лигаи қаҳрамонони Осиё вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд бо истиқболи гарми масъулони ин бошгоҳ ва намояндагони Федератсияи футболи ин кишвар рӯ бар шуд.
Аъзои тими “Персополис”-и Эрон дар меҳмонхонаи “Шератон”-и шаҳри Душанбе (яке аз беҳтарин меҳмонхонаҳои пойтахти ин кишвар) сокин шудаанд.
Нуктаи муҳими инки “Персополис” барои иқомат дар шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи Шератонро интихоб карда, ки маъруфтарину беҳтарин иқоматгоҳ дар Тоҷикистон маҳсӯб мешавад ва “Персополис” бо истифода аз кумакҳазинаи 45 ҳазордолларии AFC шароити матлӯбро рақам задааст.
Ин меҳмонхона, ки утоқҳои пуртеъдоди он хеле зуд резерв(пешхарид) мешавад, утоқҳои ду нафараро бо рақами 200 доллар дар ихтиёри мусофирон қарор медиҳад ва бо ин шароит, имконоти вижа назири толори бадансозӣ ва истироҳат низ дар ихтиёри сурхҳо қарор гирифтааст.
Қарор аст, “Персополис” дар ин меҳмонхонаи панҷситора, 5 рӯз мустақар шавад.
Бар асоси ахрин ахбор аз урдӯи “Персополис”, ду ситораи ин тим Алии Шуҷоъӣ ва Камоли Комёбиниё ба далели масдӯмият дар баробари “Истиқлол-и Тоҷикистон бозӣ нахоҳанд кард.
“Персополис”-и Эрон ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиё рӯзи душанбе 14 сентябр ба масофи якдигар хоҳанд рафт.