Интиқоди рӯҳонии Тоҷикистон аз рафторҳои Толибон
(last modified Sat, 11 Sep 2021 09:08:22 GMT )
Сентябр 11, 2021 14:08 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди рӯҳонии Тоҷикистон аз рафторҳои Толибон

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, рафторҳои гурӯҳи Толибонро пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон муғойир бо усӯли дини Ислом донист.

Ба гузориши Форс, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ин бораи афзуд, агар Толибон пояҳои исломи воқеиро нишон медод, тамоми ҷаҳон онҳоро мепазируфт ва расман онҳоро ба унвони як давлат ба расмият мешинохт, аммо ончӣ ки Толибон имрӯз анҷом медиҳанд, бо дини муқаддаси Ислом ҳеҷ рабте надорад.

Абдуқодирзода афзуд, агар ба гузаштаи Толибону таърихи чанд рӯзаи онҳо нигоҳ кунем, мебинем, ки онҳо дар ояндаи ҳам барои Афғонистон ва ҳам тамоми кишварҳои дуру наздик хатари ҷиддӣ ҳастанд.

Бештар бихонед: