Ба таъхир афтодани ифтитоҳи бурҷи 121 метрӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 12 Sep 2021 06:35:01 GMT )
Сентябр 12, 2021 11:35 Asia/Dushanbe
  • Ба таъхир афтодани ифтитоҳи бурҷи 121 метрӣ дар Тоҷикистон

Бурҷи 121 метрии шаҳри Душанбе дар солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ифтитоҳ нашуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, мақомоти шаҳрдории Душанбе гуфта буданд ин бурҷи 121 метрӣ ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон баҳрабардорӣ хоҳад шад, аммо ба далоили номаълум ифтитоҳи ин тарҳи умронӣ ба замони дигаре вогузор шудааст .
Рӯзона 1000 коргар ба таври шабонарузӣ барои сохту такмили саривақтии ин бурҷ фаъолият мекарданд, аммо бо вуҷуди ин талошҳо сохти ин бурҷ ҳануз тамом нашудааст .
Ин бурҷи 121 метрӣ ба унвони баландтарин соза дар шаҳри Душанбе дар масоҳати 2 гектар дар маҳалли боғи нави пойтахти Тоҷикистон дар ҳоли сохт аст .