Сентябр 14, 2021 17:22 Asia/Dushanbe
  • Тоҷирони Тоҷикистону Русия рӯзи душанбе мулоқот мекунанд

Ҷаласаи муштараки Тоҷикистону Русия рӯзи душанбеи 15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз Sputnik гуфта мешавад, дар конфронс дурнамои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Русия дар пасманзари бӯҳрони Корона баррасӣ хоҳад шуд.

Дар конфронс Ҷамшед Ҷумъа Ханзода ва Сергей Катарин, роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Русия, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдои ду кишвар, фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон ва роҳбарони ширкатҳои саноатӣ ва тиҷоратии минтақаҳои гуногун Русия роҳҳои тавсеаи воридот ва содироти дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир Русия муҳимтарин шарики тиҷории Тоҷикистон аст.

Барчасп