Сентябр 15, 2021 15:21 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти гуштӣ дар шаҳри Истаравшан

Мусобиқоти гуштӣ дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқот бо ҳадафи тарвиҷи варзиш дар байни шаҳрвандон баргузор шуд.

Дар ин давра аз рақобатҳо варзишкорони мутаваллиди 2005 то 2007 ҳузур доштанд.

20 тим аз манотиқи кишвар дар ин мусобиқот ширкат карданд.

Дар поёни ин рақобатҳо Низом Назарзода дар 75 килограм ва Муҳаммад Абдудов дар 57 килограм қаҳрамон шуданд.

Комрон Сулаймонов (52 килограм) ва Аминҷон Қаҳҳоров (41 килограм) нишони нуқра касб карданд.

Мирзо Сулаймонов ҳам дар вазни 85 килограм сеюм шуд.

 

 

 

Барчасп